Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, пули муштариёни бонкҳои муфлисшударо "марҳила ба марҳила медиҳанд", аммо санаву омори дақиқеро ба забон наовард. Баъзе аз амонатгузорон, аз ҷумла Солеҳамо Самадоваи 76-сола аз Душанбе шикоят доранд, ки аз масъулон фақат "пул нест" мешунаванд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз тасарруфи беш аз 120 миллион сомонӣ дар сохторҳои Вазорати дифоъ хабар дод. Ба иттилои оҷонсӣ, барои ин ҷиноят 52 масъули ин ниҳод ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ боздошт шудаанд.
Дар ним сол 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳудуди Русия ихроҷ (депортатсия) кардаанд.
Гази моеъ, ки қисми зиёди мошинҳои Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, дар ду ҳафтаи охир дар Душанбе камчин шуда, дигарбора нархи он боло рафтааст. Муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши баҳои гази моеъро “муваққатӣ” донист ва ба “омилҳои мавсимӣ” пайванд дод. Дигарон чӣ мегӯянд?
“Вақте занҳои муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд ё бо хоҳиши худ бармегарданд, зиёд дар онҷо монан намехоҳанд. Дар Тоҷикистон маош ва шароити хуб нест, барои ҳамин, маҷбуранд дигарбора роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.”
Дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 80 ҳазору 500 зан аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 500 нафар зиёд аст. Аммо гуфта намешавад, чӣ шуморе аз онҳо ихроҷ шудаанд ва чӣ қадарашон бо хоҳиши худ бозгаштаанд.
Гази моеъ, ки қисми зиёди мошинҳои Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, дар ду ҳафтаи охир дар Душанбе камчин шуда, дигарбора нархи он боло рафтааст.
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Шабакаҳои тақсимоти барқ" даъво дорад.
Ба сабаби он ки дар се соли охир қисме аз курсиҳои холии донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон пур нашуд, бо пешниҳоди Маркази Миллии Тестӣ нақшаи қабули довталабонро ҳудуди 10 дарсад кам кардаанд.
Хабари тахриби чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе миёни ҷонибдорон ва мухолифони ин тасмим вокунишҳои зиёд ба бор овард. Дар бораи вайрон кардани ҳарду бино рӯзи 29-уми июл Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, иттилоъ дод.
Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз байн бурда мешаванд. Баҳси вайрон кардан ё мондани ин ду бино чанд сол боз идома дорад.
Дар шаш моҳ барои соҳибӣ ба беш аз 5 ҳазор мансабу ҷойи холии кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон озмун эълон карда, вале дархости кам гирифтаанд. Раиси Оҷонси хидмати давлатӣ ҳузури ками довталабонро ба "шартҳои душвор" пайванд дод. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров "маоши кам"-ро сабаби асосӣ донист.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз пайдо шудани беморие миёни чорво дар баъзе минтақаҳои кишвар хабар дод.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти се рӯзноманигори зиндониро дар мавриди норозигиашон аз ҳукми додгоҳ расонидааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд. Азим Иброҳим рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе сабабҳоро чунин баршумурд: "Ду нақб сохта мешавад, панҷ галерея, 15 пул. Ин вақт мегирад."
Тоҷикистон тасмим дорад тавлиди барқ аз офтобро бештар кунад, вале огоҳони умур бар инанд, ки дар шароите, ки нархи панелҳои офтобӣ гарону аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чунин кор ба осонӣ даст нахоҳад дод.
Бо гузашти қариб се моҳ аз ҷорӣ намудани виза ё раводид аз сӯи Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, бархе сокинон, аз ҷумла тоҷирон шикоят доранд, ки чунин низом кори онҳоро мушкил кардааст.
Мирҳусайн Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, 11-уми июл вақте намояндагони идораи сохтмони роҳу пулҳои Душанбе барои тахриби манзили ӯ меоянд, писаронаш қарори додгоҳ талаб мекунанд.
Ёфтҳои бештар